DataLife Engine / ЗАБОНИ МИЛЛӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

ЗАБОНИ МИЛЛӢ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ”

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 3-юми октябри соли 2025, ки ҳамасола 5-уми октябр ҷашн гирифта мешавад, дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чорабинии тантанавии бошукӯҳ бо ширкати роҳбарият ва кормандони корхона баргузор гардид. 

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

 

Дар оғози чорабинӣ муовини аввали директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Даврон Шодмонбекзода аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.

Зимни суханронии худ мавсуф таъкид кард, ки “Забони адабии тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонии ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ки дорои таърихи беш аз сеҳазорсола буда, дар тӯли асрҳо осори пурарзишу мондагори илмию адабӣ ва таърихӣ бо ин забон офарида шудааст. Ин мероси гаронбаҳо дар ғанӣ гардондани хазинаи тамаддуни башарӣ саҳми назаррас дорад”.

   

Сипас сухан ба муовини сардори Маркази авиатсионии таълимии корхона Аббос Афсаҳзод дода шуд. Ӯ дар суханронии худ аз таърихи пурғановати забони тоҷикӣ ёдовар гардида, таъкид намуд, ки “Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонии мардумони ориёитабор маҳсуб ёфта, дар тӯли таърих бо осори гаронбаҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву фалсафии худ саҳми арзанда дар пешрафти тамаддуни башарӣ гузоштааст”.

 

Ҳамзамон раиси Иттифоқи касабаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Исроил Нуралиев ба сухан баромада аҳамияти забони давлатӣ дар ҷомеаи имрӯза ибрози назар намуд. Таъкид карданд, ки “Тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ миёни насли наврас ва таҳкими мавқеи он дар муҳити кору зиндагӣ яке аз омилҳои муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад”. Онҳо нақши забонро ҳамчун рамзи миллат ва омили ваҳдату якпорчагии давлат басо муассир арзёбӣ намуданд.

 

Сипас мудири бойгонии раёсати кадрҳо ва меҳнати КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, Сарвиноз Зикаева таъкид намуд, ки “Бо ба даст омадани истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ гирифт ва дар асоси он як силсила санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва ба тасвиб расиданд”. Қонунҳо ва қарорҳои қабулгардида шароити мусоид фароҳам оварданд, ки мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа боз ҳам таҳким ёбад ва нақши онро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ афзоиш диҳад”.

 

Дар ҷараёни чорабинии бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, муовини сардори раёсати рушди корхона, Урози Раҳмон суханронӣ намуда, аз пешрафти забони тоҷикӣ дар замони истиқлол ёдовар шуд.  Ӯ зикр кард, ки “Имрӯз бо ифтихор мебинем, ки Сарвари давлат дар минбарҳои баланд бо забони тоҷикӣ суханронӣ менамоянд, ки ин нишонаи возеҳи мақоми забони миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ба таъкиди Урози Раҳмон, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки барои гиромидошти забони модарӣ ва тарғиби арзишҳои он миёни насли ҷавон саҳмгузор бошад.

 

Забони тоҷикӣ дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба яке аз рукнҳои асосии таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеа табдил ёфтааст. Дар рушду густариш ва таҳкими мақоми забони давлатӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва муассир мебошад. Бо талошу ташаббусҳои пайвастаи Пешвои миллат, як қатор қонунҳо ва қарорҳои муҳими марбут ба забони давлатӣ қабул ва татбиқ шуданд, ки боиси боло рафтани нуфуз ва манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа ва арсаи байналмилалӣ гардиданд.

Ҳар яки мо бояд дар роҳи ҳифзу гиромидошти ин арзиши муқаддас масъулиятшинос бошем, зеро забон на танҳо воситаи муошират, балки таҷассумгари андешаи миллӣ, фарҳанг, таърих ва ҳувияти ҳар як халқ ба шумор меравад. Пас, забони давлатиро бояд чун гавҳараки чашм ҳифз ва пос дорем.

 

                                                                                  Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

3 окт
Вернуться назад