DataLife Engine / FINVEST@ETAF — ПЛАТФОРМАИ НАВИ ҶАҲОНӢ БАРОИ РУШДИ СӮЗИШВОРИИ УСТУВОРИ АВИАТСИОНӢ

FINVEST@ETAF — ПЛАТФОРМАИ НАВИ ҶАҲОНӢ БАРОИ РУШДИ СӮЗИШВОРИИ УСТУВОРИ АВИАТСИОНӢ

Ифтитоҳи портали Finvest@ETAF, ки аз ҷониби Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва Агентии байналмилалии энергияи барқароршаванда (IRENA) роҳандозӣ шудааст, барои интихоб, дастгирии техникӣ ва густариши ҳамкориҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба сармоягузорӣ дар лоиҳаҳои сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF) дар саросари ҷаҳон замина фароҳам меорад. Ин портал худ лоиҳаҳоро мустақиман маблағгузорӣ намекунад, балки лоиҳаҳои тасдиқшударо бо ташкилотҳои эҳтимолии сармоягузор ва шарикони мувофиқ мепайвандад. Ҳамзамон, Finvest захираҳоеро барои таҳияи лоиҳа ва баланд бардоштани иқтидори касбӣ низ пешниҳод менамояд. Бо мақсади фарогирии ташаббусҳо аз тамоми минтақаҳои ҷаҳон, аз таҳиягарони лоиҳаҳои SAF даъват ба амал оварда мешавад, ки дархостҳои худро ба портал пешниҳод намоянд.

Дабири кулли ICAO, Хуан Карлос Салазар, иброз дошт: “Роҳандозии портали мазкур як қадами устувор дар расидан ба ҳадафи сифр кардани партовҳои карбон дар соҳаи авиатсия мебошад. Дар якҷоягӣ бо Finvest@ETAF мо метавонем ормони худ – нақлиёти ҳавоии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва динамикиро барои ҳамагон амалӣ созем”.

Қайд кардан ба маврид аст, расидан ба ҳадафи сифр намудани партовҳои карбон дар соҳаи авиатсия на танҳо ба навовариҳои техникию технологӣ, балки ба механизмҳои нави молиявӣ низ сахт вобастагӣ дорад. Гарчанде ки имрӯзҳо як қатор лоиҳаҳои муҳими марбут ба сӯзишвории устувори авиатсионӣ (SAF) ва манбаъҳои тозаи энергия омодаи татбиқанд, ҷалби сармоя барои амалӣ гардондани онҳо мушкил боқӣ мемонад. Бо дарназардошти ин, Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ташаббуси таъсиси портали Finvest Hub-ро роҳандозӣ намудааст. Ин платформа ба ҳам пайвастани лоиҳаҳои тасдиқшуда бо сармоягузорон ва шарикони эҳтимолӣ мусоидат намуда, барои рушди устувори соҳаи авиатсия ва коҳиши таъсири экологӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

1 окт
Вернуться назад