23-юми сентябри соли 2025 дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар медиҳад.
Маврид ба таъкид аст, ки моҳи июли соли 2022 зимни Вохӯрии чоруми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории амалии мақомоти намояндагӣ ва қонунгузори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва рушди минбаъдаи робитаҳои мутақобилаи минтақавӣ ва шарикии стратегӣ, баргузории Форуми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расида буд.
Форумҳои қаблӣ дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳри Хиваи Ҷумҳурии Узбекистон доир гардида, ба таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ ва тавсеаи муколамаи минтақавӣ мусоидат намуданд.
Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки баргузории мунтазами Форуми мазкур нишонаи эҳтиром ба арзишҳои ҳамгироии минтақавӣ ва ифодаи талоши устувори кишварҳои минтақа дар роҳи таҳкими эътимод, муколама ва ҳамкорӣ ба нафъи мардумони Осиёи Марказӣ мебошад.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба шарофати саъйю талошҳои созанда ва сиёсати пайгиронаву босуботи Сарони давлатҳои он имрӯз тадриҷан ба минтақаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд табдил меёбад.
Муҳимтар он аст, ки аз самараи барқарории фазои сифатан нави дӯстӣ, ҳамкорӣ ва эътимод дар минтақа, пеш аз ҳама, халқҳои ба ҳам дӯсту бародари Осиёи Марказӣ баҳравар мегарданд.
Дар доираи рӯзномаи форум иштирокдорон масъалаҳои мубрами ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ ва рушди рақамикунонии иқтисодиётро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯи ин масъалаҳо дар бахшҳои алоҳидаи форум муҳокимаҳои судманд сурат гирифтанд.
Бо натиҷагирӣ аз кори Форум Декларатсияи Бишкек қабул карда шуд.
Дар доираи Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманд байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба рушди ҳамкории мутақобили судманди ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.