Дар доираи татбиқи ҳамкории авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ояндаи наздик байни шаҳрҳои Душанбе ва Ҷидда парвозҳои мустақими ҳавоӣ дар масири Ҷидда-Душанбе-Ҷидда аз ҷониби ширкати “Flaynas” роҳандозӣ мегардад.
***
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ – 2025 (DITE-2025) Маркази байналмилалии намоишии “Dushanbe Expo” ифтитоҳ гардида, ширкатҳои ватанӣ “Somon Air” ва “Tajik Air” дастовард ва доираи васеи хизматрасониҳои худро барои меҳмонон ва сайёҳон муаррифӣ намуданд.
***
Ҳукумати Федератсияи Россия қоидаҳо оид ба “иҷораи тар” (мокрый лизинг)-ро ба ширкатҳои ҳавопаймоҳо тасдиқ намуд, ки он аз 1-уми марти соли 2026 эътибор пайдо намуда, то 1-уми марти соли 2032 амалӣ мегардад.
***
Аз 19-ум то 21-уми сентябри соли ҷорӣ фурудгоҳҳои Берлин, Брюсел, Дублин, ИМА, Лондон ва Пулково, инчунин якчанд ширкатҳои ҳавопаймоиии ҷаҳон ба ҳамлаи киберӣ рӯбарӯ гардиданд, ки боиси лағви даҳҳо парвозҳо гардид.
***
Ширкати “Air Astana” соли шашум мебошад, ки дар раддабандии Ассотсиатсияи таҷрибаи мусофирони ширкатҳои ҳавопаймоӣ (APEX) ба мақоми “Ширкати асосии ҳавопаймоии панҷситорадор” сазовор мегардад. Маросими супордани ҷоиза дар APEX/IFSA Global EXPO дар Калифорнияи ИМА баргузор шуд.
***
Фурудгоҳи байналмилалии Индира Ганди (IGI)-и Деҳлӣ ифтитоҳи Терминали 2-ро 26-уми октябри соли 2025 пас аз таъмири панҷмоҳа пешбинӣ менамояд, ки тавассути терминали нав ҳамарӯза 120 парвози дохилӣ аз ҷониби ширкатҳои “Air India” ва “IndiGo” роҳандозӣ мегардад.
***
Ширкати “Emirates” дар Дубай маркази омӯзишии экипажро муаррифӣ намуд, ки марказ бо технологияи муосир таҷҳизонида шуда, сарнишинон барои парвоз бо ҳавопаймоҳои Airbus A350 ва Boeing 777X омӯзонида мешаванд. Сармоягузории лоиҳа беш аз 136 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, маркази омӯзишӣ дар масоҳати беш аз 5,8 ҳазор метри мураббаъ сохта шудааст.
***
Ширкатҳои “Caribbean Airlines” ва “Air Caraïbes” Созишномаи муштараки мубодилаи рамзҳоро ба имзо расониданд. Ҳамзамон ширкатҳои “Qantas” бо ширкати “Malaysia Airlines” шарикии мубодилаи рамзҳоро оғоз намуданд, ки “Malaysia Airlines” парвозҳоро миёни Куала-Лумпур ва шаҳрҳои Австралия Аделаида, Брисбен, Мелбурн, Перт ва Сидней амалӣ менамояд.
***
Ширкати “Azerbaijan Airlines” ҳавопаймои нави мусофирбарии Airbus A320neo-ро дастрас намуд. Дар доираи стратегияи модернизатсияи парки ҳавопаймои худ, ширкат то соли 2032 дастрас намудани зиёда аз 30 адад ҳавопаймои навро пешбинӣ менамояд.
***
Аз 2-юми октябри соли 2025 ширкати “Азимут” парвозҳоро аз Самара ба Самарқанд оғоз менамояд.
***
16-уми октябри соли 2025 ширкати “China Southern Airlines” парвозҳои мустақимро аз Пекин ба Доҳа оғоз менамояд.
***
Роҳбарияти ширкати “China Southern Airlines” бо директори фурудгоҳи Мелбурн мулоқот намуд, ки дар он ҳамкориҳои оянда ва таҳкими минбаъдаи шабакаи ҷаҳонӣ баррасӣ кунад.
***
Ширкати “Turkish Airlines” парвози аввалини худро ба Севиля (Испания) амалӣ намуд.
***
Ширкати “Korean Air” истифодаи сӯзишвории авиатсиониро тавассути истифодаи омехтаи SAF дар парвозҳои бештар ба Ҷопон васеъ хоҳад кард.
***
Ширкати “Japan Airlines” маоши ҳамаи раҳбарони баландпояро ҳамчун ҷазо барои ҳодисаи марбут ба сарнишинони ширкати ҳавопаймоӣ, ки шаби пеш аз парвоз машрубот нӯшида, боиси таъхири се парвоз шуд, коҳиш медиҳад.
***
Бузургтарин ширкати лизингии ҳавопаймо дар ҷаҳон “AerCap” аввалин ду адад ҳавопаймои Boeing 777-300ERSF-ро аз мусофиркашонӣ ба ҳавопаймои боркашонӣ табдил дода, ба ширкати “Kalitta Air” таҳвил дод.
***
Аз моҳи декабри соли 2025 ширкати “China Eastern Airlines” парвози аз ҳама тӯлонӣ дар ҷаҳонро дар масири Шанхай – Буэнос-Айрес бо фуруди кӯтоҳ дар Зеландияи Нав бидуни иваз намудани ҳавопаймо оғоз менамояд, ки ҳангоми парвоз қариб 20 ҳазор километр масофа дар 29 соат тай мегардад.
***
(Манбаъ: АМИТ “Ховар”, Тоҷик Эйр, Aviation Explorer, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/, Aerospace Global News, Газета СП, China Southern Airlines, Turkish Airlines)