Аз 16 то 19 сентябри соли 2025 шаҳри Душанбе мизбони ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ҳарсолаи гурӯҳи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – “RDGЕ-SСМ/2025” гардид, ки 54 намояндагон аз 12 кишвари ҷаҳон, ташкилотҳои бонуфузи соҳа, аз ҷумла Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ва Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳро бо ҳам овард.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар пайравии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба кишвари транзити табдил додани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як майдони асосии баррасии масоили ҳаракати ҳавоӣ ва ҳалли мушкилиҳои дар таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ вуҷуд дошта, ҳамзамон ҷорӣ намудани усулҳои муосири таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ гардид.
Дар доираи чорабинии мазкур мутахассисон масоили калидӣ, аз ҷумла таҳия намудани пешниҳодҳо дар соддагардонии масирҳо, роҳҳои афзоиши пайвастаи шумораи парвозҳо, тамоюлҳо ва тағйирёбии масирҳо, такмил додани инфрасохтори хатсайр, ҷори намудани расмиёти нави PBN, коҳиш додани масофа ва вақти парвозҳоро баррасӣ намуданд. Бо дарназардошти манфиатҳои муштараки ҷонибҳои ширкаткунанда ва пешниҳодҳои мутахассисони соҳавӣ, қарор қабул гардид, ки пешниҳодҳои марбут ба масирҳои нав ба феҳристи нақшаи ташкили идоракунии ҳаракати ҳавоии “RDGE-SCM” барои солҳои 2025–2026 ворид карда шаванд. Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳавасмандии худро дар ҷорӣ намудани масирҳои нави ҳаракати ҳавоӣ изҳор намуданд.
Бо мақсади мусоидат ба ҳадафи Ҳукумати кишвар оид ба сайёҳӣ ва тарғиби фарҳанги тоҷикӣ, ба ин васила афзоиш додани шумораи сайёҳон КВД “Тоҷикаэронавигатсия” барои меҳмонон саёҳати фарҳангӣ ташкил намуд, ки дар доираи он меҳмонон бо фарҳанги меъмории тоҷикон аз наздик шинос гардиданд.
Таъкид ба ёдоварист, ки баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд барои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷорӣ намудани система ва технологияи замонавии таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ, баланд бардоштани малакаи мутахассисон ва тақвияти ҳамкориҳо қадами устувор ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон чорабинии мазкур дар самти баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии ҳаракати ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ минтақа, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия як қадами муҳим мебошад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”