Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар пайравии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба кишвари транзити табдил додани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 то 19 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастаги бо Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ – ICAO ҷаласаи махсуси ҳамоҳангсозии ҳарсолаи гӯруҳи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба такмили хатҳои ҳавоии минтақаи шарқ – “RDGЕ-SСМ/2025”-ро баргузор менамояд.
Ҷаласаро директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло расман ифтитоҳ бахшида, сипас директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегидҷонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки ҳадафи чорабинӣ ҳамоҳангсозии банақшагирӣ ва рушди шабакаи масири идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар қисмати шарқии минтақаи аврупоии ICAO, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар ҳамоиш намояндагони 12 кишвари ҷаҳон – Арманистон, Гурҷистон, ИМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон, Федератсияи Россия ва Эрон, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили IATA, ICAO, Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, аз ҷумла “Сомон Эйр”, “Тоҷик Эйр” ва ширкатҳои ҳавопаймоии KLM, Air France, Lufthansa, Finnair, Delta Air Lines, Boeing ва Cathay Pacific ширкат менамоянд.
Мутахассисони соҳа дар давоми чор рӯз пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани масирҳои идоракунии ҳаракати ҳавоиро баррасӣ намуда, пешниҳодҳои мавҷударо дар феҳристҳои хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ таҳлил ва нав намуда, ҳамзамон пешниҳодҳои навро ба феҳристҳои хатсайрҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дохил менамоянд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки чорабинии мазкур дар самти баланд бардоштани бехатарӣ ва самаранокии ҳаракати ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ минтақа, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи авиатсия ва аэронавигатсия як қадами муҳим мебошад.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”