Саиданвар Валиев-муҳаққиқи ҷавони тоҷик дар Донишгоҳи илм ва технологияи Миссури (ИМА)-усули нави назорат ва таҳлили системаи интиқоли маълумот дар ҳавопаймоҳоро бо номи “Таҳлили басомади сигналҳои интиқолшуда” (TSFA) ихтироъ намуд. Ин усул имкон медиҳад, ки нуқсонҳои техникӣ дар системаи ҳавопаймоҳо сари вақт ва бо дақиқӣ муайян карда шаванд.
Саиданвар Валиев шарҳ медиҳад, ки усули “Таҳлили басомади сигналҳои интиқолшуда” (TSFA) басомад ва амплитудаи сигналҳои интиқолёфтаро таҳлил мекунад, то нуқсонҳоро дар хатҳои интиқоли маълумот дар дохили ҳавопаймоҳо сари вақт ва бидуни ниёз ба таҷҳизоти иловагӣ муайян намояд.
Усулҳои анъанавии рефлектометрии вақтӣ ва басомадӣ барои таҳлили сигналҳои мунъакисшуда ниёз ба истифодаи схемаҳои иловагии мураккаб доранд, ки ин корро дар ҳавопаймоҳои муосир – бо шабакаҳои симкаши дарозии беш аз 200 километр – душвор мегардонад. Усули нави таҳиянамудаи Саиданвар Валиев – TSFA (Таҳлили басомади сигналҳои интиқолшуда) ба дастаҳои муҳандисӣ имкон медиҳад, ки нуқсонҳоро дақиқ, бо самаранокии баланд ва бидуни маҳдудиятҳои инфрасохтории усулҳои анъанавӣ муайян намоянд.
Ин равиш роҳи муосир ва муассирест барои назорат ва ташхиси системаҳои интиқоли маълумот дар ҳавопаймоҳо. Дар доираи тадқиқот, хатҳои интиқоли маълумот бо се навъи осеби сунъӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқи ҷавони тоҷик, Саиданвар Валиев, дар маҷаллаи бонуфузи байналмилалии “Measurement” нашр гардид.
Ин дастоварди илмии муҳими як олим тоҷик далели равшани афзоиши нуфуз ва эътирофи байналмилалии муҳаққиқони тоҷик дар ҷомеаи илмии ҷаҳон мебошад. Ҳамзамон, он ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди навовариҳои технологӣ ва табдилдиҳии рақамӣ пурра мутобиқ аст.