DataLife Engine / ШИРКАТ ДАР “THIRD CANSO EURO-ASIA ANSP’S CEO SUMMIT”

ШИРКАТ ДАР “THIRD CANSO EURO-ASIA ANSP’S CEO SUMMIT”

Аз 10 то 11 сентябри соли 2025 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон вохӯрии байналмилалии минтақавии роҳбарони таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақаи Авруосиёи CANSO – “Third CANSO Euro-Asia ANSP’s CEO Summit” баргузор гардид. Намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар қатори роҳбарони корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ аз Аврупо ва Осиё, инчунин намояндагони муассисаҳои авиатсионии ҷаҳонӣ дар саммити мазкур ширкат намуданд.

Дар ҷаласа самтҳои калидии рушди соҳа, аз ҷумла ҷорӣ намудани системаи идоракунии гардиши ҳаракати ҳавоӣ (ATFM) ва мубодилаи маълумотҳо дар минтақа, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии интиқоли ҳавоӣ, инчунин ҳамоҳангсозии нишондиҳандаҳои асосии фаъолият (KPI) ва усулҳои муосири идоракунии бехатарии ҳаракати ҳавоӣ баррасӣ гардид.

Бояд зикр намуд, ки тибқи пешгӯиҳои EUROCONTROL ва IATA, Аврупо-Осиё то соли 2050 ба самти динамиктарини ҳаракати ҳавоӣ табдил хоҳад ёфт. Саҳми КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, ҳамчун корхонаҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии минтақаи Осиё дар ин раванд муҳим арзёбӣ мегардад.

Таъкид ба ёдоварист, ки бо мақсади афзоиш додани парвозҳои транзитӣ, ташаккули стандарти нави сифат ва бехатарии аэронавигатсионӣ, корхона таҷдиди техника ва технологияи аэронавигатсиониро зина ба зина амалӣ менамояд.

 

                                                                         Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

11 сен
Вернуться назад