Олими ҷавони тоҷик Саиданвар Валиев дар Донишгоҳи илм ва технологияи Миссури (ИМА) технологияи инноватсионии бехатарии ҳавопайморо таҳия намуд, ки усули нави “Таҳлили басомади сигналҳои интиқолшуда” (ТБСИ) имкон медиҳад, ки таъмири ҳавопайморо дар саросари ҷаҳон дигаргун месозад. Ин усул бори аввал сигналҳои интиқолёфтаро барои муайян кардани ҷойи вайроншавӣ дар системаҳои симкаши ҳавопаймо бо муваффақият истифода мебарад.
***
8-уми сентябри соли 2025 Палатаи намояндагони ИМА Қонун оиди солимии равонӣ дар авиатсия соли 2025 (H.R. 2591)-ро қабул намуд. Лоиҳаи қонуни мазкур барои бартараф намудани монеъаҳо барои солимии равонии сарнишинон, танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ ва дигар мутахассисони авиатсия равона гардида, ҳадафи лоиҳаи қонун беҳтар кардани дастрасӣ ба табобат ва таъмини бехатарии авиатсионӣ мебошад. Масъалаҳои солимии равонӣ маъмуланд, аммо мутахассисони авиатсия бо мушкилоти махсус рӯ ба рӯ мешаванд. Муқаррароти Идораи федералии авиатсия (FAA) аксар вақт нисбати сарнишинон барои ифшои шароитҳо ба монанди депрессия ё дигар ҳолатҳои ба ин монанд шаҳодатномаи тиббии онҳоро зери хатар гузошта, ҷазоҳои гуногун пешбинӣ намудааст. Барои татбиқи ин ташааббус, FAA бояд коршиносони тиббии авиатсионӣ, аз ҷумла равоншиносонро киро намуда, барои татбиқи барномаҳои таълимӣ маблағ ҷудо намояд. Қонун ҳамасола аз соли 2026 то 2029 ҷудо намудани 1,5 миллион доллари ИМА-ро пешбинӣ менамояд.
***
Дар моҳи августи соли ҷорӣ ширкати “Boeing Co.” барои 26 адад ҳавопаймоҳо фармоиш гирифт, ки тибқи гузориши ширкат 16,1% камтар аз нишондоди моҳи июли соли равон мебошад.
***
Дар Фурудгоҳи Пулково барои мусофирони категорияи махсус хизматрасонии аробаҳои маъюбии барқии “Caterwill Ultra 4WD” дастрас гардид. Қаблан фурудгоҳ дар якҷоягӣ бо ширкати “Caterwill” аробачаи барқии маъюбиро дар тӯли се моҳ дар шароити воқеии корӣ санҷид. Пас аз санҷишҳо, истеҳсолкунанда як қатор тағйиротҳоро барои мутобиқ намудани аробачаи маъюбӣ ба хусусиятҳои комплекси фурудгоҳ ворид намуд.
***
Ширкати “Avelo Airlines” барои харидории 50 адад ҳавопаймои Embraer E195-E2 фармоиши қатъӣ дод, ки таҳвили ҳавопаймоҳо дар нимаи аввали соли 2027 оғоз мегардад. Арзиши фармоиш 4,4 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод.
***
Фурудгоҳи байналмилалии Дубай (DXB) ба тағйироти ҷиддӣ дар системаи муоинаи мусофирон омодагӣ мегирад, ки тибқи он аз охири соли 2026 мусофирон маҷбур нестанд, ки ноутбукҳо ва борҳои моеъгиро аз бағоҷи дастӣ барои муоина берун оранд.
***
Хадамоти таксӣ “Uber” аз соли оянда дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати нақлиётии “Joby Aviation” парвозҳои чархболҳои мусофирбарро дар платформаи худ дастрас хоҳад намуд.
***
Ширкатҳои “Air Astana” ва “Air India” Созишномаи мубодилаи рамзҳоро имзо намуданд, ки ба мусофирон имконоти васеътари пайвастшавӣ ва шароити мусоиди сафар байни Қазоқистон ва Ҳиндустон фароҳам меорад.
***
Аввалин ҳавопаймои наҷотбахши тиббии Ҷумҳурии Мардумии Чин C909 ба ширкати “Flying Dragon Airlines” интиқол дода шуд. Тибқи иттилои таҳиягарони ҳавопаймо, иқтидори C909 10 тон буда, масофаи парвози он 3700 километрро ташкил медиҳад.
***
Аз 26-уми октябри соли 2025 ширкати “Emirates” парвозҳои ҳаррӯзаи ҳавопаймои Airbus A350-ро ба Ҳанҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз менамояд.
***
Бо мақсади афзоиши назарраси хизматрасонии боркашонии ҳавоӣ миёни Осия ва Аврупо, ширкати “One Air”-и Британияи Кабир 4-уми сентябри соли 2025 аввалин хизматрасонии боркашониро миёни Фурудгоҳи Ист Мидлендс ва Ҳонконг амалӣ намуд.
***
Аз 8-уми октябри соли 2025 ширкати “Белавиа” парвозҳоро аз Минск ба Ҳайнан оғоз менамояд.
***
Ширкати “S7 Airlines” ҷуғрофиёи парвозҳои худро васеъ намуда, аз охири моҳи октябри соли ҷорӣ парвозҳои мустақими доимиро аз Новосибирск ва Иркутск ба Андиҷон ифтитоҳ менамояд.
***
Ширкати ҳавопаймоии Кореяи Ҷанубӣ “T'way Air” номи худро ба “Trinity Airways” иваз менамояд.
***
Ширкати “United Nigeria Airlines” то 10 адад ҳавопаймои Boeing 737-800-ро харидорӣ менамояд, ки қаблан ҳавопаймоҳои мазкур аз ҷониби ширкати “Southwest Airlines” идора мешуданд.
***
2-юми сентябри соли 2025 ширкати “China Southern Airlines” хатсайри Гуанчжоу-Риёзро ифтитоҳ намуд.
***
Аз 27-уми сентябри соли 2025 ширкати “Uzbekistan Airways” парвозҳоро дар масири Тошканд-Тюмен-Тошканд амалӣ менамояд.
***
Ширкати “Air France” бо истифода аз технологияи моҳвораии “Starlink SpaceX” дар ҳавопаймоҳои худ Wi-Fi-и баландсуръати ройгонро насб менамояд, ки аллакай хизматрасонии интернети баландсуръат дар 5 адад ҳавопаймои ширкат дастрас мебошад.
***
Ширкати “China Southern Airlines” парвозҳои мустақимро миёни Москва ва Вуҳан барқарор намуд, ки парвозҳо дар масири Вуҳан – Москва ва Москва – Вуҳан амалӣ мегарданд.
***
(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Simply Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/, China Southern Airlines, Uzbekistan Airways”, Facebook)