Бо ифтихори бузург ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани маҳбубамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуморо ба муносибати ҷашни муқаддасу сарнавиштсози миллат – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 34-умин солгарди он таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.
Солиёни охир авиатсияи гражданӣ, соҳаи аэронавигатсия бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду такомул ёфта, ба як самти муҳими стратегӣ табдил ёфтааст. КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ дар ин замина кӯшиш ба харҷ медиҳад, то бо истифодаи технологияҳои муосир ва такя ба донишу малакаи мутахассисони кордон, ба таъмини бехатарии парвозҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ саҳми муносиб гузорад.
Бовар дорам, ки бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба Ватан, мо метавонем боз ҳам беш аз пеш барои рушду нумӯи соҳа ва обрӯи Тоҷикистон саҳм гузорем.
Бори дигар ҳамаи шумо – ҳамватанони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони шумо тандурустиву хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу ороми орзу менамоям.
Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамватанони азиз!