Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтирому самимият тамоми мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама кормандони соҳаи авиатсияро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям!
Авиатсияи гражданӣ имрӯз ба як бахши муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии кишвар табдил ёфтааст. Парвозҳои амн, хизматрасониҳои босифат ва ҳузури устувори Тоҷикистон дар фазои ҳавоии ҷаҳон натиҷаи заҳмати шабонарӯзии кормандони соҳа аст.
КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо дарки баланди масъулият барои таъмини бехатарии парвозҳо ва мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ пайваста заҳмат мекашад.
Ифтихор дорем, ки саҳми кормандони кордон ва мутахассисони тоҷик дар боло бурдани нуфузи авиатсияи кишвар назаррас аст.
Ба ин муносибат, ба тамоми ҳамкасбон ва мардуми азизи кишвар саломативу саодат, фазои орому осуда, пешравиҳо ва комёбиҳои бештарро таманно дорам!
Рӯзи таъсисёбии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!