DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Ширкати кимёвии Кореяи Ҷанубӣ “LG Chem” ва ширкати “Enilive”-и Италия ба сохтмони аввалин корхонаи истеҳсоли сӯзишвории дизелии барқароршаванда (HVO) ва сӯзишвории авиатсионии устувор (SAF) шурӯъ намуданд. Анҷоми корҳои сохтмонӣ то соли 2027 ба нақша гирифта шуда, қарор аст, ки корхона дар як сол ҳудуди 400 ҳазор тонна ашёи хоми биогении аз ҷиҳати экологӣ тозаро коркард менамояд. Ба сифати ашьёи хом равғани истифодашудаи растанӣ, аз чумла равғани хӯрок, инчунин дигар маводҳои боқимонда истифода мешавад. Истеҳсол бо истифода аз технологияи “Ecofining”, ки ширкати “Eni” дар якҷоягӣ бо “Honeywell UOP” таҳия намудааст, сурат мегирад. Истифодаи чунин сӯзишворӣ имкон медиҳад, ки партовҳои газҳои гулхонаӣ нисбат ба сӯзишвории анъанавии истихроҷшаванда хеле кам карда шавад.

***

Бо мақсади идора намудани таксиҳои барқии ҳавоӣ, мақомоти авиатсионии Ҷопон дар ҳамкорӣ бо ширкати “Joby Aviation” таъсиси як корхонаи муштаракро пешбинӣ менамояд, ки аз соли 2027 хизматрасонии таксиҳои ҳавоиро дар саросари Ҷопон оғоз менамояд. Ҳамзамон ширкати “Joby Aviation” бо мақсади роҳандозии хизматрасонии таксиҳои ҳавоӣ тавассути чархбол харидории ширкати “Blade Air Mobility”-ро пешбинӣ менамояд.

***

Нақшаи сохтмони хати парвозу фуруд аз ҷониби Фурудгоҳи Ҳитроу ба ҳукумати Британияи Кабир пешниҳод гардид, ки дарозии он 3, 5 км-ро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузори 21 миллиард фунт стерлингро ташкил медиҳад.

***

Аз 5-уми сентябри соли 2025 ширкати “Аэрофлот” парвози мустақимро аз Иркутск ба Нха-Транг оғоз менамояд.

***

Ширкати “ANA Holdings” харидории ширкати боркашонии “Nippon Cargo Airlines”-ро ба итмом расонид.

***

Ширкати боркашонии Британия Кабир “One Air” оғози хизматрасонии боркашониро тавассути ҳавопаймоҳои боркашонии Boeing 747-400 пешбинӣ менамояд, ки дар доираи он ширкат Аврупоро бо Ховари Миёна ва Осиё ва Уқёнуси Ором мепайвандад.

***

Ширкати “Азимут” парвозҳои мустақимро миёни Сочи ва Батуми роҳандози намуд, ки дар як ҳафта ду маротиба амалӣ мегардад.

***

5-уми августи соли ҷорӣ ҳавопаймои ёрии таъҷилии ҳавоӣ дар Аризона суқут намуд, ки дар натиҷа чор нафар ҳалок шуданд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Simply Flying, Flight Global News, https://news.mail.ru/tag/306/, Buying Business Travel Russia)

6 авг
Вернуться назад