Ширкати “Emirates” барномаи модернизатсияи худро идома медиҳад, ки тибқи он аз моҳи ноябри соли 2022 гурӯҳҳои муҳандисии ширкат аллакай 60 адад ҳавопайморо такмил доданд. Дар натиҷаи ин иқдом, ширкат хизматрасониҳои худро васеъ намуда, парвозҳоро ба Милан, Рио-де-Жанейро ва Буэнос-Айрес тавасссути ҳавопаймоҳои нави таҷдидгардидаи Airbus A380 ба парвозҳои мавҷуда илова менамояд.
***
Ширкати “Jazeera Airways” аввалин парвози мунтазамро аз Кувайт ба фурудгоҳи Сочи амалӣ намуд.
***
Ширкати “Почтаи Россия” дар маркази логистикии худ, ки дар наздикии фурудгоҳи Внуково ҷойгир мебошад, анбори гумрукиро барои воридкунандагон ифтитоҳ намуд. Соҳибкорон метавонанд дар он ҷо бидуни пардохти боҷҳои гумрукӣ, андоз ё татбиқи чораҳои танзими моли худро нигоҳ доранд.
***
Табдили ҳавопаймои мусофирбари Boeing 777-300ER ба боркашонӣ аз ҷониби ширкати “Mammoth Freighters” то охири сол ҷорӣ пешбинӣ мегардад.
***
Аз 1-ум то 3-юми июли соли 2025 кормандони КВД Маркази “Узаэронавигасия” дар омӯзиши махсуси системаҳои идоракунии хавфи хастагӣ (FRMS), ки аз ҷониби маркази таълимии байналмилалии IATA Training ташкил шудааст, ширкат варзиданд. Барномаи мазкур тариқи онлайн ва мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои тавсияшудаи ICAO баргузор гардида, ҳадафи он омӯзиш ба ташаккули фаҳмиши амиқ оиди хастагӣ, таъсири он ба инсон ва бехатарии парвозҳо, инчунин аз худ намудани усулҳои муосири арзёбӣ ва коҳиши хатарҳои дахлдор равона карда шудааст.
***
Дар натиҷаи коҳиши буҷа Кореяи Ҷанубӣ бекор намудани харидории 36 адад чархболи Boeing AH-64E Apache-ро пешбинӣ менамояд.
***
7-уми июли соли ҷорӣ пас аз оташфишонии навбатии вулқони Левотобӣ даҳҳо парвоз ба Бали ва аз Бали лағв гардиданд.
***
Ширкати “Air Arabia” бо илова намудани хатсайрҳои нав ба Мюнхен, Варшава ва Прага ҳузури худро ба Аврупо васеъ менамояд. Оғози парвоз миёни Фурудгоҳи байналмилалии Шарҷа ва Фурудгоҳи байналмилалии Мюнхен 15-уми декабри соли 2025, ҳамчунин парвозҳои мустақими ҳаррӯза ба фурудгоҳҳои Варшава-Модлин-Мазовия ва Ватслав Ҳавел-Прага аз 20-уми декабри соли 2025 ба нақша гирифта шудаааст.
***
Ширкати “Air Algérie” барои 16 адад ҳавопаймои минтақавии ATR 72-600 фармоиш дод, ки таҳвили онҳо дар солҳои 2026 ва 2028 пешбинӣ мегардад.
***
Ширкати “China Airlines”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолияти худро дар терминали нави 1 фурудгоҳи JFK дар соли 2026 оғоз менамояд.
***
Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии техникӣ ва нигоҳдории минтақавӣ барои ҳавопаймоҳои “Embraer” дар Ҷумҳурии Қазоқистон пешбинӣ мегардад.
***
Аз 4-уми декабри соли равон ширкати “Etihad Airways” ҳафтае се маротиба парвозҳои мустақимро аз Қазон ба Абу-Даби амалӣ менамояд.
***
Беларус ва Таиланд соддагардонии расмиёти раводид ва роҳандозии парвозҳои мустақимро баррасӣ намуданд.
***
(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, Simple Flying, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/, КВД Маркази “Узаэронавигасия”)