Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз омилҳои муҳими таъсиррасон дар ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо дар шакли меъёри муайяни қоидаи рафтор зоҳир мегарданд. Анъана ва расму оинҳои милливу динии мо аз ниёгонамон тавассути аз насл ба насл додани донишҳо, меъёрҳо ва арзишҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз омада расидаанд. Риоя ва эҳтироми онҳо қарзи наслҳои баъдӣ низ ба ҳисоб меравад. Аммо онҳо бояд мутобиқи талаби замон инкишоф ёбанд. Тавре шоҳидем, тайи солҳои охир аз ҳад зиёд сермасраф rаштани ҷашну маъракаҳо ва амалӣ гаштани расму оинҳо барои аксарияти мардуми мо, ки дар ҳоли тангдастию камбағалӣ қарор доштанд, мушкилоти зиёди моливу пулиро ба миён оварда буд. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи иҷтимоию иқтисодии мардуми кишвар аҳамияти махсус зоҳир намуда, аз ҳамагон хоҳиш намуданд, ки то баргузории машварати умумиҷумҳуриявӣ (24-уми майи соли 2007) тамоми хоҳишу дархост ва оид ба чӣ гуна гузаронидани урфу одатҳои миллӣ фикру андешаҳои худро ирсол намоянд. Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳодоти муфид ирсол гардид ва аксарияти аҳолӣ иқдоми танзими анъанаҳои мардумӣ ва миллиро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолону намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар 24-уми майи соли 2007 оид ба масъалаи танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ сухан ронда, гуфта буданд: “Қисме аз мардуми мо, ба сабаби зоҳирпарастии беасос ва пойбандӣ таассубу хурофот будани худ, дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад”. Қабули қонуни мазкур, ки дар асоси таклифу пешниҳоди мардум таҳия шуда буд, барои ба танзим овардани расму анъанаҳо нигаронида шудааст.
Ниҳоят дар таърихи 8-уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ба тавсиб расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули назорати риояи қонуни мазкурро ба ўҳда дорад. Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ ва натиҷаву пайомадҳои иҷтимоиву иқтисодии татбиқи қонуни танзим нишон медиҳад, ки қонуни мазкур дар ҳақиқат ба нафъи мардум хизмат намуда, зимнан барои таьмини амнияти озуқавории ҷомеа, ки яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати қонунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, низ нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.
Ҷиҳати танзими тартиби гузаронидани ҷашну маросим, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирии хуруфоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 8 июни соли 2007, қабул карда шуда, он то қабули Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 июни соли 2024 таҳти №2048 амал кардааст. Қонуни амалкунанда аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад.
Зикаева Сарвиноз
Мудири бойгонии Раёсати кадрҳо ва меҳнати
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”