Мутахассиси Маркази авиатсионии метеорологии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар Семинари Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба татбиқи идоракунии системаи умумии иттилоотӣ (SWIM) дар хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ, ки 1-уми июли соли 2025 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кори худ оғоз намуд, ширкат дорад.
Дар вохӯрӣ Гурӯҳи махсуси лоиҳа оид ба татбиқи хизматрасонии метеорологӣ, ки таҳти сарпарастии Дафтари минтақавии ICAO оид ба Аврупо фаъолият менамояд, иштирок дорад. Чорабинии мазкур бисту сеюмин ҷаласаи гурӯҳ буда, имсол дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи кории 4 Созмони ҷаҳонии метеорологии ИДМ баргузор мешавад. Дар чорабинӣ намояндагони Дафтари минтақавии аврупоии ICAO, мутахассисони авиатсия ва метеорологӣ аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва ИДМ ширкат доранд.
Ҳадафи семинар тавзеҳи раванди татбиқи хизматрасонии метеорологии аэронавигатсионӣ мутобиқи Нақшаи глобалии аэронавигатсионӣ ва вусъати донишҳо оиди усулҳои муосири мубодилаи иттилооти метеорологӣ мебошад. Инчунин масоили калидӣ оид ба рушди таъмини маълумотҳои метеорологии парвозҳо, табодули таҷрибаи амалӣ ва муайян намудани роҳҳои оптималии ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани бехатарии парвозҳо ва такмил додани системаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақа баррасӣ баррасӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки системаи SWIM намунаи асосии рақамии идоракунии маълумотҳои аэронавигатсионӣ дар авиатсияи гражданӣ ба ҳисоб рафта, мубодилаи маълумоти аэронавигатсионӣ, аз чумла маълумоти метеорологиро дар доираи системаи глобалии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар бар мегирад.
Чорабинии мазкур, ки то 4-уми июли соли 2025 идома меёбад, як қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи метеорологияи авиатсионӣ ба ҳисоб меравад.



Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”