Ширкати таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии Британияи Кабир “NATS” дар боми Маркази идоракунии ҳаракати ҳавоӣ дар Прествик беш аз 1400 панелҳои офтобиро насб намуд. Иқдоми мазкур як марҳилаи муҳим дар самти ҳадафи ширкат дар саҳмгузорӣ ба партовҳои сифр то соли 2035 мебошад. Панелҳо 28-уми апрели соли 2025 ба истифода дода шуда, аллакай зиёда аз 128 000 кВт/соат неруи барқро истеҳсол намуд. Тибқи иттилои масъулин дар назар аст, ки дар як сол 600.000 кВт/соат барқ истеҳсол гардад.
Маркази хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар Прествик барои беш аз як миллион ҳавопаймо дар як сол дар Шотландия, шимоли Англия ва шимолу шарқии Уқёнуси Атлантика хизматрасонии муҳими идоракунии ҳаракати ҳавоиро пешкаш менамояд ва тақрибан 10% ниёзи умумии неруи барқро аз панелҳои офтобии дар бом насбшуда истифода мебарад.
Марҳилаи дуюми сохтмони панелҳои офтобӣ соли ҷори оғоз гардид, ки пас аз ба истифода супоридан, тақрибан 800 панелҳои иловагӣ 400 000 кВт/соат неруи барқи тозаро истеҳсол менамояд.
“Ин як қадами бузург дар доираи нақшаи мо оид ба коҳиш додани партовҳои ғайримустақим аз истифодаи неруи барқ мебошад, ки тақрибан нисфи партовҳои умумии CO2-ро ташкил медиҳад. Танҳо натиҷаҳои як моҳи аввал иқтидори воқеии тавлиди энергияи барқароршавандаро дар ин иншоот нишон медиҳанд”, - қайд намуд Ян Лейн, менеҷери NATS.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ин дуюмин лоиҳаи бузурги ширкат оид ба насби панелҳои офтобӣ мебошад. Дар моҳи июли соли 2024 ширкат дар боми Маркази идоракунии ҳаракати ҳавоии Суонвик 2600 панелҳои офтобиро насб намуд, ки то ба имрӯз 590 000 кВт/соат энергияи барқароршаванда истеҳсол гардид. То охири соли 2025, насб дар бом, замин ва минтақаҳои атрофи он ба 12,000 панел мерасад, ки то 21% энергияро дар ҳарду марказ тавлид мекунанд.