Бо ифтихор ва эҳтироми бузург ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ-яке аз саҳифаҳои сарнавиштсози давлатдории навини тоҷикон, самимона табрик мегӯям!
Ваҳдати миллӣ-дастоварди бузургу таърихиест, ки бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи қавии мардуми ватандӯст амалӣ гардид. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз бо худ бунёди суботу амният, поягузории давлати ҳуқуқбунёд ва рушди ҳамаҷонибаи кишварро ба бор овард.
Имрӯз дар партави ваҳдат, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, дар ҳама самтҳо-аз иқтисоди миллӣ то инфрасохтори муҳандисию стратегӣ, пешрафтҳои назаррас ба даст овардааст. Дар ин замина, соҳаи авиатсияи гражданӣ ва махсусан фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ, нақши арзанда дар таъмини амнияти парвозҳо ва ҳифзи фазои ҳавоии кишвар иҷро менамояд.
Ҳамаи ин дастовардҳо, маҳсули сулҳу ваҳдат, тафоҳум ва ҳамбастагии миллӣ мебошанд. Бигзор, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвари азизи мо ҳамеша пойдор ва миллати озоду сарбаланди тоҷик ҷовидон бошад.
Бори дигар ҳамаи шумо-ҳамватанони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони шумо тандурустиву хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон суботу ороми орзу менамоям.
Рӯзи ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!