DataLife Engine / САМАРАИ ҲАМКОРӢ БО АКАДЕМИЯИ АВИАТСИОНИИ БЕЛОРУС

САМАРАИ ҲАМКОРӢ БО АКАДЕМИЯИ АВИАТСИОНИИ БЕЛОРУС

12-уми июни соли 2025 мулоқоти директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода бо декани факултаи авиатсияи граждании “Академияи давлатии авиатсияи Белорус” Машарский Захар Владимирович баргузор гардид. 

Ҳамоиш бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкорињои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо Академияи давлатии авиатсияи Белорус дар самти такмили ихтисоси кормандон, курсҳои омӯзишӣ, вазъи кунунии донишҷӯйёне, ки аз ҳисоби Корхона дар академия таҳсил менамоянд ва дигар масъалаҳои судманд доир гардид.

 

Дар оғоз директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ташрифи меҳмононро пайомади неке дар тақвияти ҳамкориҳо барои омода сохтани мутахассисон арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол барои фаъолияти босамар шароитҳои зарурӣ муҳайё карда мешавад. Албатта, самаранокии фаъолият аз мутахассисони кордон вобастагии зиёд дорад. Дар ин замина барои дастгирӣ ба “Академияи давлатии авиатсияи Белорус” арзи сипос баён гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо маблағгузории ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” айни замон дар ин муассисаи таҳсилоти олии бонуфуз 30 нафар ҷавонони соҳибзавқи тоҷик таҳсил намуда, нозукиҳои касбиро азхуд менамоянд. Аз ин шумора 8 нафар ба таври ғоибона таҳсилро идома дода истодаанд. Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамзамон бо волидайни донишҷӯйён ҷиҳати вазъи буду бош ва сатҳи дониши фарзандон муколама доир карда шуд.

Таъкид шуд, ки минбаъд низ аз ҷониби маъмурияти Академия барои   беҳдошти шароити таҳсил ва зисту зиндагонии донишҷӯён шароитҳои беҳтар муҳайё карда мешавад.

Чун анаъна меҳмон аз манораи муназзимӣ, утоқҳои кории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” шинос гардида, баъди шиносоӣ бо таҷҳизоту рафти кории кормандони корхона баҳои баланд доданд.

             

                                                                                  Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”

17 июн
Вернуться назад