DataLife Engine / ҲАВОПАЙМО ЧӢ ҚАДАР СӮЗИШВОРӢ МАСРАФ МЕНАМОЯД?

ҲАВОПАЙМО ЧӢ ҚАДАР СӮЗИШВОРӢ МАСРАФ МЕНАМОЯД?

Сарфи сӯзишвории ҳар як ҳавопаймо аз хусусиятҳои зиёд вобастагӣ дорад, аз ҷумла суръати парвоз, шамол ва баландӣ. Масалан, ҳавопаймои  “Boeing” 747 дар як сония тақрибан 4 литр сӯзишворӣ сарф менамояд. Ҳангоми амалӣ намудани парвоз дар давоми 10 соат ҳаҷми сӯзишвории масраф гардида ба 140 ҳазор литр мерасад.

Тасаввур кардан хеле душвор аст, ки барои анҷом додани парвоз ба як ҳавопаймо чиқадар сӯзишворӣ лозим аст. Аммо, барои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ин маълумоти хело муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳавопаймоҳо бо якчанд намуди сӯзишворӣ парвоз менамоянд. Дар ҳавопаймоҳои хурд бензин, тақрибан дар ҳамаи ҳавопаймоҳои тиҷоратӣ авиакеросин истифода мешавад.

Марҳилаи якуми таъмин намудани нақлиёти ҳавоӣ (киштии ҳавоӣ) бо сӯзишворӣ ин назорати сифати сӯзишворӣ дар корхонаи коркарди нафт (назорати баромад) мебошад. Вақте ки сӯзишворӣ ба нуқтаи сӯзишворӣ ворид мешавад, он аз санҷиши воридотӣ мегузарад. Сӯзишвории авиатсионӣ тавассути роҳи оҳан дар зарфҳои махсус систерна, систернаҳои автомобилӣ, роҳҳои обӣ ва ҳатто ба воситаи қубурҳо дастрас намудан мумкин аст.

Пас аз полоиш, сӯзишворӣ ба зарфҳо рехта мешавад. Баъд аз соф шудани он, боз аз санҷиш гузашта, “шаҳодатнома” мегирад. Киштии ҳавоӣ бо чанд усул бо сӯзишворӣ таъмин карда мешавад. Усули якум, пайваст намудани системаи комплексии сӯзишворӣ ба перронҳои фурудгоҳ, усули дуюм мавҷудияти нақлиёти танкериро дар бар мегирад, ки ба он сӯзишворӣ (тақрибан 60 000 литр) рехта, ба ҳавопаймо интиқол дода мешавад.

Маълумоти дигари ҷолиб ин мебошад, ки таъмини сӯзишвории авиатсионӣ ҳангоми парвоз низ вуҷуд дорад. Аммо усули мазкур танҳо барои нақлиёти низомӣ ва ҳавопаймоҳои низомӣ истифода мешавад. Танкер бо истифода аз системаи мураккаб бевосита дар парвоз ба як ҳавопаймои дигар сӯзишвориро интиқол медиҳад.

Табиист, ки ҳавопаймоҳо ҳангоми парвоз бо худ сӯзишвории иловагӣ гирфта, дар ҳолатҳои пешбинӣ нагардида, аз ҷумла тағйир гардидани ҷадвали парвоз, ё шароити номусоиди обу ҳаво аз он сӯзишфорӣ истифода менамоянд.

 
12 мая
Вернуться назад