DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Роҳбари Идораи авиатсияи граждании Британияи Кабир ҳушдор медиҳад, ки ҳамлаҳои киберӣ ва паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дар бораи мавҷудияти бомба аз ҷумлаи унсурҳои стратегияи дарозмуддати нооромсозии соҳаи авиатсия мебошанд.

***

Фурудгоҳи байналмилалии Алмаато расман терминали нави муосири дохилии худро (T1) ба истифода дод.

***

Ширкати ҳавопаймоии «Malaysia Airlines» аз 5 декабри соли 2026 то 6 феврали соли 2027 парвозҳои мустақимро дар масири Лангкави –Тошканд   ба роҳ мемонад.

***

14 ноябри соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии «Sun PhuQuoc Airways» парвозҳоро дар масири Москва – Фукуок оғоз намуд.

***

Ширкати «Uzbekistan Airports» озмунро барои сохтмон ва идоракунии Фурудгоҳи байналмилалии «Бухорои Нав» ҷамъбаст намуд. Тибқи натиҷаҳои озмун, сохтмони фурудгоҳи мазкурро ширкатҳои «Limak İnşaat»-и Туркия ва «Hamad Bin Khalid»-и Қатар ба уҳда мегиранд.

***

13 ноябри соли 2026 ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines» дар корхонаи истеҳсолии «Thompson Aero Seating»-и Британияи Кабир нахустин санҷиши намунавии курсиҳои синфи тиҷоратии ҳавопаймои насли нави Airbus A350-ро анҷом дод. Интиқоли ҳавопаймои A350-900, ки яке аз ҳавопаймоҳои флагмании ширкат ба ҳисоб меравад, барои семоҳаи дуюми соли 2027 ба нақша гирифта шудааст.

***

Ширкати ҳавопаймоии «Air Arabia» аз 20 ноябри соли 2026 парвозҳоро дар масири Даммом – Димишқ оғоз намуда, дар ин самт ҳафтае чор парвоз анҷом медиҳад.

***

Ширкати ҳавопаймоии «Saudia» аз 1 декабри соли 2026 парвозҳоро дар масири Фурудгоҳи байналмилалии шоҳ Абдулазиз дар шаҳри Ҷидда – Фурудгоҳи Шереметевои Москва ба роҳ мемонад. Парвозҳо дар ин масир ҳафтае се маротиба анҷом дода мешаванд.

***

Ширкати ҳавопаймоии «Philippine Airlines» барои харидории 15 адад ҳавопаймои Boeing 787-10 фармоиш пешниҳод намуд.

***

Ширкати ҳавопаймоии «EuroAtlantic» ният дорад парвозҳоро дар масири Лагос – Лондон оғоз намояд.

***

16 ноябри соли 2026 дар иёлати Аризонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳавопаймои сабукрави мусофирбари «Piper Comanche» суқут кард. Дар натиҷаи ин ҳодиса се нафар ба ҳалокат расиданд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Airways Magazine, Flight Global, Buying Business Travel Russia, China Southern Airlines, https://news.mail.ru/tag/306/)

Сегодня, 00:07
Вернуться назад