DataLife Engine / ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

16 ноябри соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки роҳбарият ва кормандони корхона ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Нахуст, муовини якуми директори генералии корхона Даврон Шодмонбекзода аз номи директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Лоиқ Бегиҷонзода ва шахсан аз номи худ ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими давлатӣ табрик намуда, оид ба ҷойгоҳ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар суханронӣ кард.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба мақоми олии давлатдорӣ, балки нишонаи эҳтиром ба хизматҳои таърихии Сарвари давлат дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум мебошад.

Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи давлатдории навини тоҷикон масъулияти бузурги роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, бо иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайваста барои барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ хизматҳои мондагор анҷом доданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, дар таърихи навини кишвар марҳилаи сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ заминаи муҳим гузошт. Минбаъд бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон роҳи барқарорсозӣ, созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирифт.

ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Сипас, барои ироаи андешаҳо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба муовини сардори Маркази таълимии авиатсионии корхона Аббос Афсаҳзода дода шуд.

Номбурда дар баромади худ аз аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, марҳилаҳои муҳими фаъолияти давлатдорӣ, талошҳои пайвастаи Пешвои миллатро дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум мавриди таҳлил қарор дод. Ӯ таъкид намуд, ки дастовардҳои имрӯзаи кишвар натиҷаи сиёсати созанда, роҳбарии дурандешона ва заҳматҳои пайвастаи Сарвари давлат мебошанд.

ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Дар идомаи чорабинӣ Дилафрӯз Махшулова, техник оид ба ҳисобгирии Раёсати хизматрасонии ҳаракати ҳавоии корхона, доир ба мақому манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа андешаҳои худро баён намуд. Ӯ иброз дошт, ки таҷлили ин рӯз моро ба қадр намудани сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳидоят менамояд.

 ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Ҳамзамон, мудири бойгонии корхона Сарвиноз Зикаева дар суханронии худ ба аҳаммияти ҳифзи хотираи таърихӣ, омӯзиши марҳилаҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон ва нақши роҳбарии Пешвои миллат дар таъмини ояндаи устувори кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ таъкид кард, ки шинохти таърихи истиқлолият ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи миллат, бахусус Сарвари давлат, барои наслҳои имрӯзу оянда аҳаммияти бузург дорад.

ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аҳаммияти хосса дошта, ҳар як шаҳрванди кишварро ба ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Ватани азиз раҳнамун месозад.

Чорабинии тантанавӣ дар фазои эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат анҷом ёфт.

 ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД ДАР КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД

                                                              Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Вчера, 19:43
Вернуться назад