DataLife Engine / ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз, ҳамкорони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям.

Ин санаи муҳим рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва нақши ниҳоди президентӣ дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Бо талошу ташаббусҳои созанда ва сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми худ дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор гузошт.

Мо низ ҳамчун кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ вазифадорем, ки бо меҳнати содиқона, масъулияти баланди касбӣ ва фаъолияти самаранок дар пешрафти соҳа ва ободии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон саломатии бардавом, хушбахтӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти меҳнатӣ комёбиҳои нав орзу менамоям.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!


Бо эҳтиром, Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон

директори генералии Корхонаи воҳиди

    давлатии «Тоҷикаэронавигатсия»

 

Сегодня, 18:45
Вернуться назад