DataLife Engine / САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таърих ва давлатдории миллии Узбекистон дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Ҳокими шаҳри Тошканд ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо  сафари расмӣ дар  Ҷумҳурии Узбекистон қарор доранд.

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд. Аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур яке аз ташаббусҳои назарраси шаҳрсозии Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади ташаккули маркази нави муосири шаҳрӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва рушди устувори инфрасохтори шаҳрӣ амалӣ мегардад.

Тибқи нақшаи генералии лоиҳа, масоҳати умумии ҳудуди шаҳри нав 20 ҳазор гектарро ташкил дода, он барои зиндагии тақрибан 2 миллион нафар пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа бунёди маҳаллаҳои истиқоматӣ, марказҳои тиҷоративу маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, инчунин боғҳо, минтақаҳои сабз, обанборҳо ва дигар иншооти муосири инфрасохторӣ бо истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ дар назар дошта шудааст.

Таъкид гардид, ки таҷрибаи татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги шаҳрсозӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии идоракунии шаҳрҳо барои омӯзиш ва табодули таҷриба дар самти рушди инфрасохтори муосир аҳаммияти муҳим дорад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба иқдоми пешгирифтаи шаҳрдории Тошканд баҳои баланд дода, дар татбиқи амалии ин лоиҳа барори кор таманно намуданд.

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Танзила Нарбаева мулоқот намуданд. аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқоти хоссаи роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳо ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Узбекистон ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкории байнипарламентӣ, инчунин рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки бар пояи робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии чандинҳазорсолаи ду халқи бародар асос ёфтаанд, солҳои охир ба марҳилаи сифатан нав ворид гардида, дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимоди мутақобил, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигарӣ пайваста рушд меёбанд.

Дар ин замина, масъалаҳои тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва инфрасохторӣ, инчунин рушди савдои наздисарҳадӣ ва робитаҳои соҳибкорони ду кишвар баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон ба дурнамои рушди ҳамкории истеҳсолӣ ва густариши робитаҳо дар бахши кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо иқтидори васеи ҳамкории фарҳангию гуманитариро низ таъкид намуданд. Зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, сайёҳӣ, инноватсия ва технологияҳои муосир, инчунин таҳкими робитаҳои гуманитарӣ байни минтақаҳои ду кишвар таъкид гардид.

Дар баробари ин, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор намуда, ҷонибдории худро аз таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ иброз доштанд.

Дар фарҷом аз рӯи натиҷаҳои музокирот муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муҳтарам Танзила Нарбаева ба Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2027-2028 имзо гузоштанд.

Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пас аз боздид аз толорҳои Сенат дар Китоби меҳмонони ифтихории Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон таманниёти неки худро дарҷ намуданд.

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН

Пас аз мулоқот Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд.

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН

Сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд. Аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини якуми Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Ҳокими вилояти Бухоро, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар намояндагони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН

Дар шаҳри Бухорои Узбекистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд. Аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Боздиди муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Бухоро аз зиёрати мақбараи Исмоили Сомонӣ ва тамошои Қалъаи Бухоро ҷараён гирифт.

Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ба асрҳои IX–X тааллуқ дорад, яке аз нодиртарин ёдгориҳои меъмории Бухоро ва тамоми Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Пас аз анҷоми сафари пурмуҳтавои расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки тайи ду рӯз идома ёфт, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз аз шаҳри Бухоро ба Ватан баргаштанд.

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА УЗБЕКИСТОН

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вчера, 23:04
Вернуться назад