Аз 2 то 6 ноябри соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи навбатии махсуси гурӯҳи ҳамоҳангсозии минтақавии RDGE/34 ва семинари Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба ҳамкории низомӣ ва гражданӣ ва истифодаи чандири фазои ҳавоӣ (FUA) баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, таъминкунандагони миллии хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANSP), мақомоти авиатсияи граждании кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва сохторҳои низомӣ, инчунин кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа ва семинар масъалаҳои марбут ба таҳияи механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоии гражданӣ ва низомӣ, баррасии имкониятҳои бекор кардани минтақаҳои маҳдудшудаи доимии низомӣ, беҳсозии масирҳои шарқӣ, татбиқи иқдомҳои экологии ICAO ва ҳамоҳангсозии стандартҳои авиатсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, масъалаҳои соддагардонии расмиёти танзимкунанда ва таҳкими ҳамкории байни кишварҳои ҳамсоя бо мақсади фароҳам овардани фазои ҳавоии транзитии бефосила ва бехатар муҳокима гардиданд.
Қайд гардид, ки ҳадафи асосии баргузории чорабинӣ баланд бардоштани иқтидори транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии парвозҳои гражданӣ ва низомӣ, коҳиш додани вақти парвоз ва хароҷоти марбут ба он, инчунин пешгирии таъхир ва лағви парвозҳо мебошад.
Иштироки мутахассисони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои табодули таҷриба, тақвияти ҳамкориҳои касбӣ ва шиносоӣ бо раванду талаботи муосири соҳаи аэронавигатсия заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»