DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

Тибқи иттилои Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA), талабот ба интиқоли борҳои ҳавоӣ дар моҳи сентябр 7,7 фоиз афзоиш ёфта, талабот ба интиқоли мусофирон тавассути ҳавопаймо 0,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

***

Бо мақсади таъсиси корхонаи муштарак ва васеъ намудани ҳузури худ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ширкати «Air Astana» бо ширкати «China Southern Airlines» созишномаи шарикии стратегӣ имзо намуд.

***

Ширкати «PIA» аввалин ҳавопаймои Boeing 787-9 Dreamliner-ро ба флоти худ ворид намуда, ба аввалин ширкати ҳавопаймоии Покистон табдил ёфт, ки ин навъи ҳавопайморо истифода мебарад.

***

Ширкати «Boeing» ва ширкати лизингии «Icelease» созишнома оид ба табдил додани як ҳавопаймои мусофирбари Boeing 767-300 ба ҳавопаймои боркаши Boeing Converted Freighter (BCF)-ро имзо намуданд. Таҳвили ҳавопаймо дар семоҳаи дуюми соли 2027 пешбинӣ шудааст.

***

Ҳавопаймои ширкати «Wizz Air», ки аз Лондон ба София парвоз мекард, пас аз гирифтани таҳдиди бомбгузорӣ дар фурудгоҳи Будапешт фуруд омад.

***

Бо мақсади ҷуброни хароҷоти афзояндаи сӯзишворӣ, ширкати «Ryanair» хароҷоти худро коҳиш медиҳад.

***

Дар Ҷумҳурии Қазоқистон то соли 2029 лоиҳаҳои бузурги таҷдиди инфрасохтори фурудгоҳҳо амалӣ карда мешаванд. Дар доираи ин лоиҳаҳо таҷдиди хатҳои парвозу фуруд дар ҳафт фурудгоҳ, инчунин сохтмон ва таҷдиди терминалҳои мусофирбар дар ҳафт фурудгоҳ пешбинӣ шудааст. Ба таҳияи саривақтии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, муайян намудани манбаъҳои маблағгузорӣ ва риояи муҳлатҳои муқарраршудаи татбиқи лоиҳаҳо диққати махсус дода мешавад.

***

Адриан Ҳамилтон-Маннс директори нави ширкати «Pakistan International Airlines» таъин гардид.

***

Ширкатҳои ҳавопаймоии «Finnair» ва «Air Astana» хизматрасонии Wi-Fi-ро аз ширкати SES насб менамоянд.

***

1 ноябри соли 2026 ширкати «American Airlines» парвозҳои ҳаррӯзаро байни Фурудгоҳи байналмилалии Майами ва Фурудгоҳи байналмилалии Кап-Ҳаитиен барқарор намуд.

***

Дуюмин ҳавопаймои вазнини нақлиётии ҳарбии Airbus A400M Atlas аз Испания ба Нерӯҳои мудофиаи ҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон таҳвил дода шуд.

 ***

(Манбаъ: Aviation Explorer, FL360aero, Flight Global,Airways Magazine, https://news.mail.ru/tag/306/)

3 ноя
Вернуться назад