27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд.
Бунёди 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва дар асоси Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, чун тарҳҳои муосири шаҳрсозӣ амалӣ карда мешавад, ки ояндаи наздик имконоту шароити муосирро аз ҷиҳати инфрасохтор ва коммуникатсия муҳайё месозанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи дусатҳа нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев дар умум 850 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат сохта мешавад, ки паҳноии ҳар як хатти ҳаракат мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сеюним метрро ташкил хоҳад дод.
Гардишҳои роҳи дусатҳа бо 3 хатти ҳаракат ва риояи талаботи байналмилалӣ бунёд хоҳанд шуд.
Ҳамчунин ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи дусатҳаи дигар, ки дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров бунёд карда мешавад дар умум 4 ҳазору 300 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат тибқи стандарҳои байналмилалӣ сохта мешаванд.
Дар қитъаҳои алоҳидаи хиёбони Саъдии Шерозӣ барои нақлиёти истифодаи умум – автобусу тролейбус хатҳои махсуси ҳаракат ҷудо карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонии 2 эстакада ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, ки дар муҳлати 2 сол анҷом дода мешавад, навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла хати оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, барқ, равшанидиҳӣ, сабзкории гулгашту роҳравҳо бо сифати баланд анҷом дода хоҳанд шуд.
Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо арзиши ҳудуди 1 миллиард сомонӣ аз ҷониби паймонкорон ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Ширкати муҳандисию сохтмонии шаҳрсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамоҳангсоз Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.
Зимни муаррифии Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки азнавсозии пули мошингузар аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ амалӣ гардида, пули мошингузар бо дарозии 115 метр ва паҳноии 40 метр аз ҳар ду самт, 8 хатти ҳаракат ва 100 тонна иқтидори вазнбардорӣ бунёд мегардад.
Дар сохтмон ва азнавсозии пули мошингузар 80 болори мустаҳкам ва босифат сохта, истифода карда мешавад, ки аз он 40 болор 24 метрӣ ва 40 тои дигар 33 метрӣ мебошанд.
Сохтмони 2 роҳи дусатҳа дар нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев ва дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, инчунин азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ бо мақсади амалинамоии лоиҳаҳои ҷадиди шаҳрсозӣ, бартарафнамоии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати бемамониати ронандагону пиёдагардон мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳҳои дусатҳаву сесатҳа, мутобиқ гардонидани роҳҳои пойтахти ҷумҳурӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, низоми шаҳрсозӣ ва ташаккули инфрасохтори шаҳри Душанберо шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ва роҳсозон дастур доданд, ки пеш аз ҳама ба муҳлати татбиқи лоиҳа, сифати масолеҳ ва корҳои сохтмонӣ таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то чунин иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд.
27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ Эко Блокро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст. Иншооти нави саноатӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ калонтарин корхонаи хишти сабук дар кишвар ба шумор меравад.
Корхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки аз ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ворид гардидаанд, муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 300 ҳазор метри мукааб газоблок баробар мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки қаблан ин навъи масолеҳи сохтмонӣ, қисман аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд. Акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нав ҳафт намуди газоблок дар дохили кишвар истеҳсол мегардад, ки дар соҳаи сохтмон ба таври васеъ истифода мешавад.
Раванди истеҳсол шаш марҳиларо дар бар гирифта, аз омода намудани ашёи хом ва қолаббандӣ то буғдиҳӣ дар ҳарорати 200 дараҷа ва бастубанди маҳсулотро фаро мегирад. Ҳамаи ин марҳилаҳо бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба таври худкор анҷом дода мешавад, ки дар натиҷа меҳнати дастӣ ба ҳадди камтарин расонида шудааст.
Ҳоло газоблокҳо бо дарозии 60, паҳноии 20 ва баландии 30 сантиметр истеҳсол мешаванд. Ҳамчунин, бо назардошти талабот ва фармоиши харидорон, имкони истеҳсоли маҳсулот бо шаклу андозаҳои дигар низ мавҷуд аст.
Корхона, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва хобгоҳ мебошад.
Ба истифода додани чунин корхонаи муосир ба таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз воридот ва рушди содирот мусоидат менамояд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ 35 корхонаи истеҳсоли газоблок фаъолият дорад. Дар нуҳ моҳи соли равон дар ин корхонаҳо 150 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст.
Бино ба маълумоти масъулон, дар давоми 9 моҳи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли газоблок ба 10 ҳазор метри мукааб расидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти бунёди чунин иншооти муҳташами саноатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ба истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ба масъулон дастур дода шуд, ки дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, ба сифати маҳсулот, риояи меъёрҳои муқарраршуда ва рақобатпазирии он дар бозор таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ Шаҳдоб оғоз бахшиданд.
Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фатҳулло Соҳибов дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар заминаи дастгирии соҳибкории хусусӣ бунёд гардида, дар он истеҳсоли нушобаҳо ва маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда шудааст.
Корхона дорои се хатти технологӣ буда, дар ду хатти аввал оби нӯшокию дигар нушобаҳо ва дар хатти сеюм маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мешавад.
Зимни шиносоӣ бо раванди фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, аз ҷумлаи таҷҳизоти муосири каммасрафи неруи барқ мебошанд.
Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии ду хатти аввал дар як шабонарӯз 400 ҳазор зарфро ташкил медиҳад. Обу нушобаҳо дар зарфҳои ҳаҷмашон аз 500 миллилитр то 10 литр истеҳсол шуда, бо тамғаи Шаҳдобя ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.
Маҳсулоти корхона бо таъму накҳати гуногун аз меваю сабзавот ва гиёҳҳои хушбӯй истеҳсол мешавад. Дар маҷмуъ, дар ин ҷо наздик ба 50 навъи нушобаҳо истеҳсол гардида, бо таъму сифати муносиб ба истеъмолкунандагон пешниҳод мегардад.
Сифат ва бехатарии маҳсулот дар озмоишгоҳи корхона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир санҷида мешавад. Ин раванд бо иштироки мутахассисони соҳибтаҷриба ва дорои малакаи баланди касбӣ сурат мегирад.
Хатти сеюми технологӣ барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ пешбинӣ шудааст. Иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ дар як шабонарӯз беш аз 3 тоннаро ташкил медиҳад. Маҳсулот дар 15 навъу номгӯй бо тамғаи Шириниҳои Шукрона истеҳсол гардида, ба бозорҳои истеъмолӣ бароварда мешавад.
Ба фаъолият оғоз намудани корхонаи Шаҳдоб барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба сокинони маҳаллӣ низ замина гузоштааст. Дар ин ҷо 120 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.
Бо мақсади истифодаи самараноки неруи барқ дар болои биноҳои истеҳсолӣ панелҳои офтобӣ насб шудаанд. Иқтидори лоиҳавии низоми мазкур 150 киловаттро ташкил дода, имкон медиҳад, ки масрафи неруи барқ то 10 дарсад коҳиш дода шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкор Фатҳулло Соҳибовро дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ, ба фаъолият оғоз намудани чунин корхонаҳо ба зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ ва таҳкими иқтидори саноатии кишвар мусоидат намуда, барои рушди устувори иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Тибқи нақшаҳои соҳибкор Фатҳулло Соҳибов, дар шафати корхонаи мавҷуда сохтмони иншооти нави саноатӣ пешбинӣ шудааст. Корхонаи нав дар масоҳати 1,2 гектар бунёд гардида, дар он истеҳсоли 23 намуди маҳсулоти қаннодӣ ба роҳ монда мешавад. Бо ба истифода додани иншоот ҳудуди 120 нафари дигар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 30 тонна маҳсулотро ташкил дода, муҳлати пешбинишудаи сохтмони он 1 сол мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ба анҷом расонида, иншоотро сари вақт мавриди истифода қарор диҳанд.