Аз 24 то 30 октябри соли 2026 ҳайати 29-нафараи кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо мақсади такмили дониш ва маҳорати касбӣ дар Маркази омӯзишии авиатсионии минтақаи Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба омӯзиши тахассусӣ фаро гирифта шуданд.
Ташкили омӯзиши мазкур бо ибтикори директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» муҳтарам Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон, такмили донишҳои соҳавӣ ва таҳкими бехатариву самаранокии хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ мебошад.
Дар раванди омӯзиш кормандон имконият пайдо мекунанд, ки бо таҷрибаи мутахассисони соҳаи авиатсияи граждании Чин шинос шуда, донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии худро такмил диҳанд. Ин иқдом ҳамчунин ба омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва татбиқи усулҳои муосири кор дар соҳаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ мусоидат менамояд.
Баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандон дар таъмини бехатарии парвозҳо, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ ва риояи стандартҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, дониш ва таҷрибаи андӯхтаи мутахассисон барои такмили фаъолияти хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб аҳаммияти махсус дорад.
Роҳандозии чунин омӯзишҳо яке аз самтҳои муҳими омодасозии мутахассисони баландихтисос ва таҳкими иқтидори касбии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва самаранокии ҳаракати ҳавоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»