Аз 20 то 22 октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон чорабинии байналмилалии «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ICAO – 2026» (ICAO SECURITY WEEK-2026) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Ҳабибулло Назарзода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин яке аз форумҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи таъмини бехатарии авиатсияи гражданӣ ба ҳисоб меравад. Дар кори ҳамоиши бунуфузи байналмилалӣ Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) Хуан Карлос Саласар, Директори Дафтари минтақавии Аврупо ва Атлантикаи Шимолии ICAO Николас Ралло, инчунин роҳбарон ва намояндагони мақомоти авиатсияи граждании давлатҳои аъзои ICAO иштирок намуданд.
Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) муассисаи махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид буда, соли 1944 дар асоси Конвенсияи Чикаго таъсис ёфтааст. Қароргоҳи он дар шаҳри Монреали Канада ҷойгир буда, 193 давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ин созмон мебошанд. ICAO стандартҳо ва амалияҳои тавсияшавандаи байналмилалиро таҳия намуда, ба таъмини бехатарӣ, амният, эътимоднокӣ ва рушди устувори нақлиёти ҳавоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
«Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ICAO» (ICAO SECURITY WEEK-2026) роҳбарони мақомоти авиатсионӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, фурудгоҳҳо ва коршиносони соҳаро ба ҳам оварда, барои баррасии масъалаҳои мубрами соҳа, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири муқовимат ба таҳдидҳои муосир замина фароҳам меорад.
Иштироки ҳайати Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳо, густариши робитаҳои соҳавӣ ва таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад. Ҳамзамон натиҷаҳои чунин ҳамкорӣ метавонанд ба такмили низоми бехатарӣ ва амнияти авиатсионӣ, мутобиқсозии фаъолияти соҳа ба стандартҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои нақлиёти ҳавоӣ дар кишвар мусоидат намоянд.
Дар баробари ин, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ яке аз омилҳои муҳими зиёд намудани шумораи парвозҳо, кушодани хатсайрҳои нави байналмилалӣ, ҷалби шарикони нав ва таҳкими мавқеи транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ба шумор меравад.
Бояд таъкид кард, ки аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) аз 7 то 19 ноябри соли 2026 дар самти таъмини бехатарии авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида мешавад.