DataLife Engine / ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

19 октябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони Агентӣ хониши идоравӣ дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» баргузор гардид.

***

Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) Хуан Карлос Салазар бори аввал бо сафари расмӣ ба Остона ташриф овард. Ёдовар шуд, ки ин аввалин сафари ӯ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

***

Аз 20 то 22 октябри соли 2026, ҳафтаи амнияти авиатсионии ICAO бори аввал дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад. Иштирокчиён масъалаҳои идоракунии хатарҳоро, ки бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, афзоиши таҳдидҳои киберӣ ва паҳншавии воситаҳои нақлиёти бесарнишин алоқаманданд, баррасӣ хоҳанд намуд.

***

Тибқи изҳороти мақомоти авиатсионии Арабистони Саудӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Риёз танҳо бо тасдиқи пешакии мақомоти авиатсионӣ барои қабули парвозҳо омода аст.

***

Аз 26 октябри соли 2026, ширкати «FlyArystan» парвозҳои мустақимро миёни Остона ва Йинин оғоз менамояд, ки робитаҳои ҳавоиро байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин тақвият медиҳад.

***

Аз 10 ноябри соли 2026, ширкати «Ryanair» нуқтаҳои бақайдгирӣ ва интиқоли бағоҷро 60 дақиқа пеш аз парвоз мебандад. Айни замон мусофирон метавонанд ин тартибро то 40 дақиқа пеш аз парвоз анҷом диҳанд. Қоидаи нав дар ҳамаи фурудгоҳҳо, ки тавассути онҳо ширкат парвозҳои худро анҷом медиҳад, татбиқ мешавад.

***

Фурудгоҳи байналмилалии Домодедово озмоиши робот барои анҷом додани корҳои тозакунӣ дар ҳудуди фурудгоҳро анҷом дод. Мутахассисон дар тӯли ду ҳафта имконоти роҳҳои ҳалли автоматӣ барои тоза намудани майдонҳои калони терминалро арзёбӣ карданд. Тибқи итттилоъ роботҳо метавонанд дар як рӯз то 85,000 метри мураббаъро тоза намоянд.

***

Тибқи пешгӯиҳои «Cirium», саҳми ширкати истеҳсолкунандаи ҳавопаймоҳо «COMAC» дар флоти ҷаҳонӣ то соли 2045 5 фоиз ва дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба 18 фоизро ташкил дода, шумораи умумии ҳавопаймоҳои мусофирбар дар саросари ҷаҳон то соли 2045 аз 50,000 адад зиёд хоҳад шуд.

***

Ширкатҳои ҳавопаймоии «Oman Air» ва «Finnair» ҳамкориҳои мубодилаи рамзҳоро оғоз намуданд, ки дар доираи он хатсайрҳо ба Аврупо ва Австралия роҳандозӣ мегардад.

***

Ширкатҳои ҳавопаймоии «China Southern Airlines» ва «Ethiopian Airlines» дар Аддис-Абеба Созишнома оид ба мубодилаи рамзҳоро имзо намуданд, ки дар доираи он парвозҳои мустақим миёни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Эфиопия амалӣ мегарданд.

***

(Манбаъ: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Aviation Explorer, Flight Global, China Southern Airlines, https://news.mail.ru/tag/306/)

Сегодня, 17:57
Вернуться назад