Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Маркази авиатсионии метеорологӣ

Таъминоти иттилооти метеорологӣ ба истифодабарандагони фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” мебошад.

Бехатарӣ, самаранокӣ ва мунтазамии парвозҳои авиатсионӣ аз босифат ва саривақтии пешниҳоди маълумоти метеорологии авиатсионӣ ба истифодабарандагон вобаста аст. Таъмини маълумоти метеорологии авиатсионӣ ба аэронавигатсияи байналмилалӣ ва миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази авиатсионии метеорологии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо ҳайати гурӯҳҳои пешгӯии метеорологӣ (ГПМ) ва Нуқтаҳои асосии муроқиба (НАМ) амалӣ карда мешавад.

 Сохтори Маркази авиатсионии метеорологӣ (МАМ) аз истгоҳҳои метеорологии аэродромӣ бо қисмҳои синоптикӣ дар ш. Душанбе ва ИАМШ (Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандӣ)-и дар филиали ш. Хуҷанд, инчунин гурӯҳҳои Нуқтаи асосии муроқиба (НАМ) дар фурудгоҳҳои байналмилалии филиалҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар ва нозирон дар аэродромҳои дохилии мамлакат иборат аст. Бояд гуфт, ки истгоҳи метеорологии корхона дар ш. Хуҷанд куҳантарин истгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки дар соли 1866 ташкил карда шуда буд.  

Маркази авиатсионии метереологии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:

  • таъмин намудани назорати мунтазам (тавассути фосилаҳои муқарраргардида) ва махсуси обуҳаво дар аэродромҳо бо истифодаи воситаҳои техникии ченкунӣ ва визуалӣ;
  • пешгӯиҳои метеорологии авиатсионӣ дар асоси таҳлил ва коркарди маводҳои аэросиноптикӣ барои аэродромҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешаванд;
  • огоҳиҳо оид ба ҳодисаҳои метеорологӣ, ки метавонанд ба воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ дар замин ва ҳаво таъсири манфӣ расонанд;
  • мубодилаи иттилооти метеорологӣ бо дигар сохторҳои метеорологӣ;
  • гузаронидани машварат бо ҳайъати ҳавонавардон, таҳия ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои метеорологӣ барои парвозу нишаст ба ҳавонавардони воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва инчунин таъмини маълумотҳои метеорологӣ барои фаъолият ба дигар истифодабарандагони авиатсионӣ;
  • омӯзиши шароити иқлимии минтақавии хизматрасонии парвозӣ;
  • дар асоси интихоби маълумотҳо оид ба иқлим омода намудани ҳисоботи иқлимии аэродромӣ ва ҷадвалҳои аэродромии ш. Душанбе ва дар сурати мавҷуд будани як қатор мушоҳидаҳои аэродромҳои филиалҳои Корхона;
 Барои гузаронидани мушоҳидаҳои воқеии метеорологӣ, фурудгоҳҳои “Душанбе”, “Хуҷанд”, “Кӯлоб” ва “Бохтар” бо системаҳои метеорологии комплексии радиотехникии аэродромии муосир муҷаҳҳаз шудаанд, ки ба тамоми талаботу меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, имкон медиҳанд, ки барои таъмини бехатарии парвозҳо ҳангоми парвоз ва фуруд омадани хавопаймоҳо маълумотҳои дақиқ ва боэътимоди параметрҳои воқеии обу ҳаво пешниҳод гардад.  

Барои ченкунии параметрҳои асосии метеорологии атмосферӣ дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Кӯлоб дар ҷойҳои кории нозирони НАМ системаи автоматии мушоҳида “Vaisala AviMet” насб шудааст, ки ченкунӣ ва коркард намудани параметрҳои метеорологӣ тавассути нишондиҳандаҳои насбшуда, инъикоси онҳо, инчунин ташаккул ва паҳн намудани ҳисоботҳои метеорологӣ ва маълумотҳои обу ҳаво ва бойгонӣ намудани онҳоро таъмин менамояд.

Бо мақсади таъмин намудани сифати хизматрасонии метеорологии воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва давомнокии мушоҳидаҳои обу ҳаво дар фурудгоҳи ш. Душанбе ва филиалҳои Корхона системаи автоматикии иттилоотии “МетеоЭксперт”, таъмини барномаи МКА “МетеоТелекс”, системаи автоматикии иттилоотии “МетеоКонсултант” истифода мешаванд. Инчунин 4 воҳид барометрҳои нави шабакавии захиравӣ харидорӣ ва системаҳои нави D-ATIS барои таъмин намудани дастрасии автоматикунонишудаи иттилооти метеорологӣ ва маълумотҳои фаврии истифодабарии фурудгоҳҳо ба воситаҳои нақлиётии ҳавоии фуруд ва парвозкунанда насб шуданд. Таъмини иттилоот тавассути пахши гузоришҳои баландсифати ATIS ва дастрас намудани паёмҳои рақамӣ анҷом дода мешавад. Система ҳисоботҳои бефосила ва даврии ATIS-ро ба таври возеҳ, аз ҷумла иттилооти метеорологӣ ва маълумоти фаврии фурудгоҳҳоро ба воситаҳои нақлиётии ҳавоии фуруд меомода ва парвозкунанда интиқол медиҳад.

   

Дар филиали ш. Бохтар бинои нави замонавии НАМ ба истифода дода шудааст, ки ба тамоми талаботҳо ҷавобгӯ мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашудаи роҳбарияти корхона дар нимсолаи аввали соли 2023 такмили заминаи техникӣ, нишондиҳандаҳои пешгӯии TAF ба 92,1 % расид, ки ин барои корхона натиҷаи қаноатбахш ҳисобида мешавад.

Бо мақсади беҳтар намудани сифати таъминоти иттилооти авиатсионии метеорологӣ МАМ дар ҳар 5 сол як маротиба Иҷозатнома оид ба хизматрасонии техникии ҳаракати ҳавоии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷозатномаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқамандро дар ҳар 5 сол як маротиба мегирад.

 Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷорӣ намудани воситаҳои автоматикунонӣ ва технологияҳои нави таъмини метеорологӣ мебошад. Иҷрои ин вазифа сатҳи самаранокӣ, эътимоднокии маълумоти метеорологиро баланд мебардорад, имконият медиҳад, ки воҳидҳои ХҲҲ, ҳавонавардони воситаҳои нақлиёти ҳавоӣ, инчунин дигар истифодабарандагонро бо маълумоти дақиқи метеорологӣ таъмин намоянд.  

Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо корхона шаклҳои фаъолияти самаранокии кормандони метеорологии авиатсиониро мунтазам таъмин намуда, усулҳои таҳлили маълумоти метеорологии пешгӯиҳоро барои эҳтиёҷот дар соҳаи авиатсия такмил медиҳад, омодагии саривақтии такмили ихтисоси мутахассисонро мутобиқи талаботи стандартӣ ва тартиботи байналмилалӣ ба авиатсияи гражданиро амалӣ менамояд.

Бо ин мақсад дар давоми 5 соли охир, 40 нафар мутахассисони Маркази авиатсионии метеорологӣ ва Истгоҳҳои авиатсионии метеорологии шаҳрвандии филиалҳои Корхона дар Муассисаи таълимии федералии давлатии буҷавии таҳсилоти иловагии касбии “Донишкадаи такмили ихтисоси кормандон ва мутахассисони роҳбарикунанда”-и ш. Москваи Федератсияи Росия таҳсилро бомуваффақият хатм намуданда соҳиби диплом ва сертификат гардиданд.