Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Дар бораи низоми менеджменти сифат

Бо мақсади таъмини сифати баланди пешкаши хизматрасониҳо, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» сиёсат ва стратегияро муайян намудааст, ки ба таҷрибаи беҳтарин, тамоюл ва талаботи беҳтарини соҳаи аэронавигатсияро мутобиқат намояд.

Барои таъмини такмилдиҳии доимӣ ва беҳбудӣ дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» мувофики талаботҳои стандарти ҷаҳонии ISO 9001:2015 Низоми менеджменти сифат (НМС) коркард, таҳия, татбиқ ва такмил карда мешавад.

Аз санаи 17 то 18 марти соли 2022 аудити сертификатсионнии Низоми менеҷменти сифати КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оиди мутобиқат ба талаботҳои стандарти чаҳонии ISO 9001:2015 баргузор гардид.

Аудит аз тарафи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) гузаронида шуд, ки мутобиқати Низоми менеҷмент ва сифати Корхонаро ба талаботҳои стандарти чаҳонии ISO 9001:2015, тасдиқ кард.

Агенти қарор қабул кард, ки Низоми менеҷменти сифат дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ҷавобгӯ ба талаботҳои стандарти чаҳонии ISO 9001:2015 дониста шавад.

 

НМС ба сохторҳои КВД "Тоҷикаэронавигатсия", ки дар пешкашкунии хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ иштирок мекунанд паҳн мегардад, аз ҷумла:

  • ташкили ҳаракати ҳавоӣ;
  • банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи фазои ҳавоӣ;
  • таъмини воситаҳои навигатсионӣ, таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ;
  • огоҳии фаврӣ ва ҳамоҳангсозии парвоз дар вақти гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ;
  • расонидани иттилооти фаврии аэронавигатсионӣ ва тағирёбии муҳити аэронавигатсионӣ ба ҳайати идоракунандаи киштии ҳавоӣ;
  • расонидани маълумоти метеорологӣ ба ба ҳайати идоракунандаи киштии ҳавоӣ.